МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО ВАЗИРИ ФАВОИДИ ОММАИ ҶИА АБДУЛҚУДДУС ҲОМИДИ
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳомидиро ба ҳузур пазируфт.Зимни сўҳбат, пеш аз ҳама, аз имкони мулоқоти нахустини вазирони нақлиёти кишварҳои панҷгона — Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон ва Чину Қирғизистон, ки дар асоси мувофиқатҳои қаблии сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон ба роҳ монда шудааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Бо хушҳолӣ зикр гардид, ки барномаи пайвастани роҳи оҳани бунёдшавандаи Эрон – Афғонистон – Тоҷикистон бо роҳҳои оҳани Қирғизистону Чин дар чаҳорчўбаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ пуштибонӣ пайдо карда, асосноксозии техникию иқтисодии он бо ҷудо гаштани 1 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз ёфтааст.Аз ҷониби Бонки рушди Осиё барои анҷоми имконсанҷии техникӣ — иқтисодии қисмати афғонистонии ин роҳ, ки қитъаи аз ҳама тўлонӣ ва муҳими он аст, беш аз 1 миллиону 250 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо шудан низ боиси қаноатмандӣ маънидод гардид.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба нақши стратегии ин роҳ дар болобарии имконоти транзитии Тоҷикистону Афғонистону Эрон изҳор дошт: «Кишварҳои мо набояд танҳо мунтазири сармоягузории байналмилалӣ бошанд, зеро мо метавонем тибқи барномаи санҷида, қадам ба қадам қисмати муҳими ин роҳи оҳанро дар солҳои наздиктарин бо нерўи худ бисозем».Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки «барои татбиқи ин барнома дар қаламрави Тоҷикистон се лоиҳаи сармоягузорӣ доир ба бунёди роҳҳои оҳани Душанбе – Қурғонтеппа, Румӣ — Панҷи Поён ва Ваҳдат – Қарамиқ (сарҳади Қирғизистон) таҳия гашта, барои татбиқашон низ тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд».Бо ёдоварӣ аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки баҳри оғози татбиқи ин барнома дар дигар кишварҳои панҷгона, аз ҷумла Афғонистон низ чораҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.Ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи ин барнома мавриди дастгирии ниҳодҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, Бонки исломии рушд ва дигар муассисаҳои байналмилалии молиявӣ қарор мегирад.Хотиррасон бояд намуд, ки дарозии умумии хатти роҳи оҳане, ки Эрону Афғонистонро — тавассути Тоҷикистон — бо Қирғизистону Чин мепайвандад, 2 ҳазору 260 км буда, маблағи бунёди он, тибқи ҳисоби пешакӣ, тақрибан 3,2 млрд доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






