МУЛОҚОТИ М. УБАЙДУЛЛОЕВ БО Л. ВЕЙВЕРЛИ

Октябрь 4, 2010 14:08

Душанбе, 4 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбари гурӯҳи парлумонии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Лорд Вейверлиро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.           Дар мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр кард, ки сафари ҳайати  парлумонии Британияи Кабир ба Тоҷикистон дар рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ дар доираи  Ёддошти тафоҳуми байни гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва гурӯҳи парлумони Британияи Кабир  самараи нек медиҳанд. Он ҷиҳати пур кардани холигии робитаҳои байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ мемонад. Потенсиали парлумонҳои ҳар ду кишвар барои ташкили заминаи мусоиди ҳуқуқӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Зикр шуд, ки дар шароити бӯҳрони молиявӣ ҳамкориҳои судманд бо фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ имкон хоҳад дод, ки дар рушди муносибатҳои вусъатёбанда такони ҷиддӣ ба миён ояд. Барои баррасии лоиҳаи Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи муштараки сармоя, ки ба унвонии кишвари Британияи Кабир пешниҳод гардидааст,  барои  расидан ба ҳадафҳои созанда метавонад заминаи воқеӣ гузорад.              Дар ин радиф густариши муносибатҳо дар бахшҳои татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан муфид дар соҳаҳои иқтисодию инвеститсионӣ, гуманитарӣ мувофиқи мақсад аст. Масъалаи ташкили квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Британияи Кабир,  бахусус,  Оксфорд ва Кембриҷ, инчунин таъсиси литсейҳои тоҷикиву бритониёӣ чун замина барои дохилшавии довталабон ба ин донишгоҳҳо матраҳ гаштанд.              Лорд Вейверли афзуд, ки бо истифода аз ваколаташ барои таҳкими ҳамкориҳои иқисодию тиҷоратӣ, гумманитарӣ ва густариши муносибатҳои байнипарлумонӣ  тадбирҳои судмандро меандешад, то фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии ҳар ду кишвар ҳадафрас хоҳад буд.              Ёвари Раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов итилоъ дод, ки мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расид. Дар мулоқот Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон Тревор Мур иштирок дошт.

Октябрь 4, 2010 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд