НАХУСТПАРВОЗИ «СОМОН ЭЙР» БА ЧИН
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Шаби 12 октябр, хатсайри аввалини ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи ҳавопаймои Боинг сурат гирифт. Командири экипажи ҳавопаймо Файзулло Сатторов афзуд, ки барои парвози хатсайри мазкур пурра омода буда, кӯшиш менамояд, ки хизматрасонии дохили ҳавопаймо низ дар сатҳи баланд бошад. Роҳбарияти ширкат ба мусофирони аввалини ин хатсайр, ки шахсони дорои касбу кори гуногуни Тоҷикистон ва Чин буданд, тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. Кормандони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои анҷоми бомуваффақияти парвози аввалини ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар хатсайри Душанбе-Урумчӣ-Душанбе хизматрасонии заруриро ба роҳ мондаанд. Дар назар аст, ки парвозҳо ҳар ҳафта як маротиба амалӣ шаванд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод.








Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ






