НИШАСТ ДАР ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ
Душанбе, 11 октябр. ( АМИТ « Ховар», Адибаи Азиз).- Пагоҳ, 12 октябри соли равон соати 11.00 дар бинои Прокуратураи Генералии ҶТ нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти нӯҳмоҳаи ин мақомоти қудратӣ баргузор мегардад. Ба суолҳои кормандони расонаҳои хабарӣ Прокурори генералӣ Салимзода Шерхони Одина, муовинон ва сардорони раёсату шӯъбаҳои прокуратура посух мегӯянд.