ОЛИМИ ТОҶИК ВА ФАЛСАФАИ ЯҲУДИЁН

Октябрь 13, 2010 16:49

             Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар») – Дар кафедраи яҳудиёни Пажӯҳишгоҳи кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи М. В. Ломоносов таҷрибаомӯзии профессор, доктори илми фалсафа Искандар Асадуллоев аз Академияи улуми Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин бора Агентии хабаргузории Исроил aen.ru . иттилоъ додааст.              «Олим аз шаҳри Душанбе якчанд дарси омӯзиширо дар бораи философия ва таърихи мардуми Исроил мешунавад.             Диққати профессор Асадуллоевро пеш аз ҳама масъалаи робитаи фарҳангии мусулмонон ва яҳудиён дар асрҳои миёна ва замони нав ҷалб намудааст. Бояд гуфт, ки таҷрибаомӯзии профессори тоҷик дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав тӯли як моҳ идома меёбад.             Таҷрибаомӯзии олими тоҷик дар чаҳорчӯби таҷрибаомӯзие, ки ташкилкунандааш кафедраи яҳудиён аст, барои тадқиқотчиёни Русия ва кишварҳои ИДМ дар чанд соли охир гузаронида мешавад.             Ин бори нахуст аст, ки  дар кафедраи яҳудиён яке аз олимҳои кишварҳои мусулмонии собиқ ИҶШС таҷрибаомӯзӣ мекунад.              Устодони кафедра умед доранд, ки таҷрибаомӯзии профессор Асадуллоев имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон тадқиқот ва омӯхтани асарҳо аз таърихи яҳудиён ва мардуми Исроил оғоз ёбад», — хабар медиҳад сомонаи aen.ru.. 

Октябрь 13, 2010 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд