ОЛИМИ ТОҶИК ВА ФАЛСАФАИ ЯҲУДИЁН
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар») – Дар кафедраи яҳудиёни Пажӯҳишгоҳи кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи М. В. Ломоносов таҷрибаомӯзии профессор, доктори илми фалсафа Искандар Асадуллоев аз Академияи улуми Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин бора Агентии хабаргузории Исроил aen.ru . иттилоъ додааст. «Олим аз шаҳри Душанбе якчанд дарси омӯзиширо дар бораи философия ва таърихи мардуми Исроил мешунавад. Диққати профессор Асадуллоевро пеш аз ҳама масъалаи робитаи фарҳангии мусулмонон ва яҳудиён дар асрҳои миёна ва замони нав ҷалб намудааст. Бояд гуфт, ки таҷрибаомӯзии профессори тоҷик дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав тӯли як моҳ идома меёбад. Таҷрибаомӯзии олими тоҷик дар чаҳорчӯби таҷрибаомӯзие, ки ташкилкунандааш кафедраи яҳудиён аст, барои тадқиқотчиёни Русия ва кишварҳои ИДМ дар чанд соли охир гузаронида мешавад. Ин бори нахуст аст, ки дар кафедраи яҳудиён яке аз олимҳои кишварҳои мусулмонии собиқ ИҶШС таҷрибаомӯзӣ мекунад. Устодони кафедра умед доранд, ки таҷрибаомӯзии профессор Асадуллоев имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон тадқиқот ва омӯхтани асарҳо аз таърихи яҳудиён ва мардуми Исроил оғоз ёбад», — хабар медиҳад сомонаи aen.ru..








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






