ПАРЛУМОН БУҶАИ ДАВЛАТИРО МУҲОКИМА КАРД
Душанбе, 11 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011» 11 октябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011 дар муқоиса бо Буҷети соли 2010 ва солҳои қаблӣ шароити бештарро барои беҳдошти вазъи рӯзгор, хусусан баланд бардоштани вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд. Буҷети давлатии соли 2011 фарогири соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ мебошад.