ПАШШАГАЗИДАҲОРО ТАБОБАТ МЕКУНАНД
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти маркази матбуоти Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, гурӯҳи алоқаҳои қӯшунҳои ИМА бо шаҳрвандон, ҳамчунин, Вазорати тандурустии ҶТ бо кӯмаки бемористони «Проспект» ва ширкати дорусозии «Гарант», ки дар шаҳри Душанбе қарор дорад, барои шунавандагони маҳаллӣ дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Шӯрообод машғулиятҳои таълимӣ оид ба табобати бемориҳои тавассути об, пашша ва хӯрокворӣ сироятшаванда доир намуданд. Барномаи кӯмаки тиббӣ барои аҳолии деҳаҳои Ҷилга, Чубек, Метантуғаи ноҳияи Ҳамадонӣ ва Ёли ноҳияи Шӯрообод хеле босамар гузаронида шуд. Дар ин минтақа ҳамчунин курсҳои такмили ихтисос барои духтурони таҷрибаомӯз гузаронида шуда, беш аз 1200 нафар сокинони деҳоти ин ду ноҳия аз назорати тиббӣ гузаштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






