СӮҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ Э.РАҲМОН БО РАИСОНИ ВИЛОЯТҲО ВА ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрўз, 18 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал, Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев сўҳбати телефонӣ анҷом дод. Раисони вилоятҳои Хатлон ва Суғд ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба мавсими зимистони солҳои 2010-2011 ва рафти ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, пеш аз ҳама пахта гузориш доданд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро вазифадор намуд, ки барои тезондани ҷамъоварии ҳосили фаровони пахта ва зироатҳои кишти такрорӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Дар сўҳбати телефонӣ бо Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷўҳи асосӣ ба омодагӣ ба зимистон ва корҳои ободонии пойтахт зоҳир гардид. Ба Раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе супориш дода шуд, ки баҳри омодагии ҷиддӣ ба мавсими зимистон, аз ҷумла захираи маводи ғизоӣ ва сўзишворӣ, сариштакорона истифода бурдани нерўи барќ ва пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштан тадбирҳои муассир амалӣ намоянд. Таъкид гардид, ки барои бо нархҳои дастрас таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳо ярмаркаҳои фурўши чунин маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон ташкил ва гузаронда шаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






