САДАМАИ ЧАРХБОЛИ ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ ДАР РАШТ

Октябрь 6, 2010 09:52

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз 6 октябр дар ноҳияи Рашт чархболи низомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба садама дучор шуд. Дар натиҷаи ин фоҷиа 4 нафар аъзои сарнишинони чархбол ҳалок гардида, 3 нафар кормандони техникӣ бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шуданд. Роҳбарияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳамаи пайвандон ва наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ баён мекунад.            

Октябрь 6, 2010 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш