САХОИ СОҲИБКОРОН
Суғд, 11 октябр. (АМИТ «Ховар»,Самад Юсуфӣ).-Бародорони соҳибкор- сокинони деҳаи Ҷавонони ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ Шавкат ва Шӯҳрат Ҷумъаевҳо барои обод намудани роҳи асосӣ ва маркази ҷамоати деҳот иқдом намуданд. Масофаи ин роҳ 7 километр ва бараш аз 8 то 10 метр буда, то имрӯз шағалпӯш намудани қабати болоии роҳ дар масофаи 7 километр пурра анҷом ёфтааст. То ин дам ба роҳи мазкур 1300 мошин шағол кашонида шуда, тахту ҳамвор карда шудааст. Барои асфалтпӯш кардани ин қисмати роҳ соҳибкорон 50 тонна асфалту битум харидаанд. Инчунин, Шавкатҷон Ҷумъаев соли ҷорӣ барои 58 нафар хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22-и деҳа ба маблағи 2000 сомонӣ китобҳои дарсии иҷоравӣ харид намуд. Бародараш Фаридун Ҷумъаев бошад, ба хонандагон як адад сканер ва маҷмӯи лавозимоти хониш тӯҳфа намуд. Дар худи ҳамин деҳа бо маблағгузории соҳибкор Фурқат Шарипов мактаби нави замонавӣ иборат аз 7 синфхона, як синфи компютерӣ, ҳуҷраи омӯзгорон, толори варзишӣ сохта ба истифода дода мешавад, ки барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






