СЕ НЕРӮГОҲИ НАВИ ФАЙЗОБОД
Файзобод, 20 сентябр. (АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова).- Дар толори мачлисгоҳи ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ бо иштироки масъулини соҳаҳои гуногун ва рӯзноманигорон баргузор гардид. Зимни нишаст раиси ноҳия Абдулло Ҳакимов оид ба фаъолияти нӯҳмоҳаи соҳаҳои кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ маълумоти мухтасар дода гуфт, ки нақшаҳо оид ба пардохти ҳатмии андоз пурра ва барзиёд ичро гардида, ба буҷа аз хисоби андозу пардохтҳо ба ҷои 4058030 сомонии ба нақша гирифташуда 4827684 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин ба 119 фоизи нақша баробар аст. Абдулло Ҳакимов ба саволи рӯзноманигор дар мавриди қабули шаҳрвандон гуфт, ки бештари шаҳрвандони ноҳия ба мо бо масъалаи таъмин намудани онҳо бо замини наздиҳавлигӣ мурочиат менамоянд. Имсол мо бо қарори махсуси Агентии заминсозӣ, харитасозӣ ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 хазор нафар сокини ноҳияро бо замини наздиҳавлигӣ таъмин карданием.Гумон мекунем,ки ин проблема рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбад. Инчунин, дар ноҳия ду истгоҳи барқи бодӣ ва як нерӯгоҳи хурди обӣ мавриди истифода қарор дорад. Сохтмони як нерӯгоҳи хурди барқи обии дигар дар ҷамоати деҳоти «Чашмасор» бо иқтидори 40 кВт идома дорад,ки он баҳри беҳбудии зиндагии аҳолии ноҳия дар шароити кунунӣ ва бо барқ таъмин намудани онҳо мусоидат менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






