ТАҲДИДИ ҒОРАТГАРОН БО КОРД
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Аризаи шаҳрванд Шарофат Аброева, соли таваллудаш 1941, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чоряккорон, деҳаи Испечак, бекор ба ШК-и ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардид, ки шаби 22 ба 23 октябри соли ҷорӣ соати 02.00 шахсони номаълуми ниқобпӯш ба хонаи истиқоматиаш даромада, дасту пояшро баста, лату кӯб карда, ба воситаи корд таҳдид намуда, 6000 доллари ИМА ва 3500 сомонӣ пули нақди ӯро гирифта ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон парванда боз шуда, тафтиш идома дорад. Дар ин бора Маҳмадулло Асадуллоев-сардори маркази матбуоти ВКД ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






