ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ТЕХНИКӢ ДАР ЕРЕВАН

Октябрь 13, 2010 14:25

Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Аз 13 то 15 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ереван ҷаласаи 8-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба амнияти саноат баргузор мегардад. Дар ин бора Агентии иттилоотии Арманистон дар сомонаи худ NEWS.am хабар додааст. «Мутобиқ ба хабари Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Арманистон дар ҷаласа ҳайати намояндагон аз кишварҳои Тоҷикистон, Белоруссия, Русия, Украина, Молдова, Қирғизистон, Қазоқистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат меварзанд».             Дар чаҳорчӯби чорабинӣ созишномаҳои пештар ба имзорасида, равияҳои назорати давлатӣ оид ба амнияти техникӣ, таҳлили садамаҳои техногение, ки дар ҷумҳурӣ ба амал меоянд , амалиёт оид ба таъмин намудани амнияти техникӣ ва дигар масъалаҳо муҳокима мешаванд.             Дар сомонаи NEWS.am гуфта шудааст, ки дар ҷаласа Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Арманистон Армен Ерисян бо сухани ифтитоҳӣ баромад менамояд.  

Октябрь 13, 2010 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ