ТОҶИКИСТОН ӮҲДАДОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО РИОЯ МЕНАМОЯД
Душанбе, 1 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон», таҳти чунин унвон имрӯз дар Кохи Ваҳдат –и пойтахт конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор шуд. Конфронс ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 октябр таҷлил мегардад, ташкил карда шуда, дар он муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, олимону забоншиносон ва намояндагони вазорату идораҳои кишвар ҳузур доштанд. «Ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти марбут ба густариши забони тоҷикӣ, яке аз ҳадафҳои асосии конфронс аст», гуфт зимни ифтитоҳи он Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Додихудо Саймиддинов. Дар конфронс, ки беш аз 20, ки маърӯза ба таҳлили паҳлӯҳои гуногуни рушди забони давлатӣ бахшида шуда буданд, аз ҷониби олимону муҳаққиқон баррасӣ ва пешниҳод шуданд. Зикр шуд, ки забони тоҷикӣ бо гузашти қарнҳо дар даврони истиқлолият мақоми давлатӣ пайдо кард ва имрӯз дар тамоми соҳаҳои муносибатҳои дохилию хориҷии кишвар истифода мешавад. Ҳамчунин, забони тоҷикӣ бо пайдо кардани мақоми давлатӣ ба дигар забонҳо маҳдудиятро пеш наовардааст. Яъне, дар баробари забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи забонҳои модарии дигар халқу миллатҳои сокини кишвар шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ин масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ӯҳдадориҳои байналмилалиро риоя менамояд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






