ВУСЪАТИ РАВОБИТИ ТОҶИКИСТОНУ ХИТОЙ

Октябрь 19, 2010 16:23

Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжунро ба ҳузур пазируфт. Муовини якуми Раиси ҲХДТ сафири тозатаъини кишвари ҳамсояро хайрамақдам гуфта, дар бораи фаъолияти рӯзмарраи ҳизб мухтасар маълумот дод. С.Сафаров  бо изҳори хушнудӣ аз вусъати равобити  дӯстонаи Тоҷикистону Хитой ёдовар шуда, зимнан барои роҳбарият ва мардуми шарифи Хитой барои дастгирии ҳамаҷониба аз сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумати Тоҷикистон ва мусоидат дар роҳандозии лоиҳаҳои иқтисодиву инфрасохтории кишвар изҳори сипос намуд. Ҳамчунин, нақши муассири роҳбарони ҳар ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ху Тсзинтао  дар таҳким ва вусъати равобити нек баҳри амалӣ сохтани тарҳҳои бузурги минтақавӣ қайд гардид.  Ҷонибҳо саҳми босазои бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунисти Хитойро дар боло бурдани сатҳи равобити гуногунҷабҳаи ду мамлакати ҳамҷавору дӯст мусбат арзёбӣ намуда, ҷонибдории худро ҷиҳати густариши  бештари муносибатҳо дар  заминаи робитаи ҳизбӣ изҳор намуданд. Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки муносибатҳои ҳасанаи  ин ду нерӯи муқтадири сиёсиву ҷамъиятӣ майдони васеъ барои  амалӣ сохтани лоиҳаҳои дуҷонибаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро фароҳам сохта,  дар зимина  кӯшиши бештар  ба харҷ  дода хоҳад шуд, то ки  барномаҳои нави барои ҳар ду ҷониб манфиатовар роҳандозӣ гарданд. Бахусус, таҷриба ва дастовардҳои Ҳизби Коммунисти Хитой дар мавриди бунёди давлати иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ қобили  омӯхтан аст. Сафир аз пазироии самимона ва сӯҳбати пурмӯҳтаво изҳори ташаккур намуда, афзуд, ки Тоҷикистон яке аз шарикони наздиктарини Хитой дар арсаи сиёсати байналмилалӣ мебошад ва ҳукумати Хитой минбаъд низ дар ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳамсояи худ мусоидат хоҳад намуд. Дар ин росто ҲХДТ ва ҲКТ бояд аз зарфиятҳои зеҳнӣ ва моддии худ самаранок истифода баранд. Дар ҷараёни сӯхбат тарафайн масъалаи сафари қарибулвуқӯи ҳайати бонуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро, ки дар чаҳорчӯби равобити ҳизбӣ бо даъвати Ҳизби Коммунисти Хитой ба вуқӯъ хоҳад пайваст, баррасӣ карданд. Ҳамчунин, ҷонибҳо дар бораи вазъи минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд. Вохӯрӣ дар рӯҳияи дӯстона  ва ҳусни тафоҳум гузашт.              

Октябрь 19, 2010 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд