ЁДИ НЕК АЗ АЛЛОМАИ ЗАМОН
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Чанде пеш дар Маркази фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Деҳлии Ҳиндустон 26-умин ҷаласаи Анҷумани адабии Бедил баргузор гардид, ки мавзӯи кори он ба осору рӯзгори мутафаккирони оламшумули Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Ғании Кашмирӣ бахшида шуд. Дар кори он шоиру нависандагон, пажӯҳишгарон, намояндагони дипломатии муқими ин кишвар ва ҳаводорони каломи маърифатии ҳарду нобиғаи нотакрори ирфон аз манотиқи гуногун иштирок намуданд. Дар рафти кори Анҷуман Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон С. Саидов суханронӣ намуда, аз моҳияти осор ва фаъолияти маърифатии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва обрӯву эътибори ин алломаи замонаҳо ёдовар гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз департаменти иттилоотии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






