ЗАРАРИ МОДДӢ- 21,7 МЛН. СОМОНӢ
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Кормандони алоҳидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд, ки худ масъули мубориза бо фасод ва ҷинояткорӣ мебошанд, ба содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задаанд. Тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ содиркунии 43 ҷинояти коррупсионӣ аз ҷониби 33 нафар корманди Вазорати корҳои дохилӣ, 25 ҷиноят аз ҷониби 5 нафар корманди мақомоти прокуратура, 23 ҷиноят аз ҷониби 21 нафар афсарони сохторҳои Вазорати мудофиа, 11 ҷиноят аз ҷониби 7 нафар корманди Хадамоти гумрук, 4 ҷиноят аз ҷониби 3 нафар корманди мақомоти андоз ва 9 ҷиноят аз ҷониби 4 нафар корманди мақомоти судӣ аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ошкор ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шуд. Дар давраи ҳисоботӣ воҳидҳои тафтишотии Агентӣ 251 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 343 айбдоршаванда ба итмом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба судҳо ирсол намудаанд. Зарари моддии парвандаҳои ҷиноятии мавриди тафтиш қарор дода шуда 21,7 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки дар рафти санҷишу тафтиши пешакӣ 16,8 млн сомонӣ ё ин ки 77%-и он рӯёнида шудааст. Дар ин бора директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия-Фаттоҳ Саидов имрӯз ба хабарнигорони ВАО иттилоъ дод.