11 ҲАЗОРУ 873 НАФАР СЕРТИФИКАТ ГИРИФТ

Ноябрь 5, 2010 09:45

Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори Муассисаи давлатии маркази татбиқи «Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ» Маҳмудҷон Хабиров, дар 9 моҳи соли 2010 аз ҷониби лоиҳа  ба 11 ҳазору 873 нафар деҳқонон cертификати  истифодаи замин  супорида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 ду баробар зиёд аст.    Шумораи умумии сертификатҳои аз аввали татбиқи лоиҳа  ба деҳқонон супоридашуда 18 ҳазору 112 ададро ташкил медиҳад,- гуфт директори лоиҳа Маҳмудҷон Хабиров ба мухбири АМИТ «Ховар».    Аз тарафи лоиҳа, ҳамчунин 1364 адад парвандаҳои заминсозӣ омода шуда, барои ташхис, тасдиқ ва гирифтани cертификат  ба сохторҳои марбутаи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.    Мақсади асосии  Маркази татбиқи лоиҳа таҷдиди хоҷагиҳои мавҷуда ва дар заминаи онҳо ташкил кардани хоҷагиҳои нави деҳқонӣ аст, ки таваҷҷӯҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки ҷаҳонӣ ба он зиёд аст.

Ноябрь 5, 2010 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд