ҚУТОСПАРВАРӢ РУШД МЕЁБАД

Ноябрь 9, 2010 09:50

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Бино ба иттилои сардори Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ, барои рушди соҳаи қутоспарварӣ дар соли 2010 аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ 200 ҳазор сомонӣ  маблағ ҷудо  шуд. Тавассути маблағи ҷудошуда  аз хоҷагии «Булункӯли» — и ноҳияи Мурғоб 120 сар қутосҳои зотӣ харида, 70 сари он ба ноҳияи Ҷиргатол, 20 сар ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, 15 сар ба ноҳияи Роштқалъа ва 15 сар ба ноҳияи Рӯшон интиқол дода шуд. Айни замон дар ин  4 ноҳияи  ҷумҳурӣ беш аз 22 ҳазор сар қутос парвариш  мешавад.   

Ноябрь 9, 2010 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш