ҶОПОН БА ДЕҲҚОНОН КОМБАЙН МЕДИҲАД
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 22 ноябр давлати Ҷопон дар доираи лоиҳаи бехатарии озуқавории фермерҳои камбизоат ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» 12 комбайни ғалладарав дод. Дар маросими ба КВД «Тоҷикагролизинг» додани комбайнҳои ғалладарав на мояндаи ваколатдори муваққатӣ ва фавқулоддаи сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йошихиро Накаяма, роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Сейҷи Кайхо ширкат варзиданд. Директори КВД «Тоҷикагролизинг» Саидмурод Хайриддинов дар ин ҳамоиш иброз дошт, ки ҳамкориҳои Ҷопон ҷиҳати кӯмак ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и камбизоат бо техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, таъсиси марказҳои хизматрасонии техникӣ (МТХ) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар шароити нави ҳамкориҳо хуб мусоидат менамояд. Боис ба ёдоварист, ки моҳи декабри соли 2009 байни роҳбарияти КВД «Тоҷикагролизинг» ва мудири шӯъбаи дуюми Раёсати рушди деҳоти Ҷопон ҷаноби Кодзо Итто протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар асоси Созишномаи бйни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати Ҷопон давлати Ҷопон оид ба дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) –и камбизоат дар ҳаҷми 190 млн. йен, ки баробари 2 млн. доллари амрикоӣ мебошад, маблағ ҷудо намуд. Сардори Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷаноби Сейҷӣ Кайхо ҷараёни иҷрои лоиҳаро назорат мебарад ва дар як муддати кӯтоҳ ба ҶТ 51 адад испорҳои сохти Ҷумҳурии Украин, 51 адад тракторҳои навъи «Белорус» — ро ворид намуд. Имрӯз боз 12 комбайни ғалладарави истеҳсоли Русия вориди Тоҷикистон гардид. Комбайнҳо тавассути дархост ба хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон супорида мешаванд. Аллакай ронандагони ин комбайнҳо аз курсҳои омӯзишӣ гузашта, ба гирифтани «Шаҳодатномаи комбайнчӣ» мушарраф гардиданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






