ҶОПОН БА ДЕҲҚОНОН КОМБАЙН МЕДИҲАД

Ноябрь 22, 2010 13:45

          Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 22 ноябр  давлати Ҷопон дар доираи лоиҳаи бехатарии озуқавории фермерҳои камбизоат ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» 12 комбайни ғалладарав дод. Дар маросими  ба КВД «Тоҷикагролизинг» додани комбайнҳои ғалладарав  на мояндаи ваколатдори муваққатӣ ва фавқулоддаи сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йошихиро Накаяма, роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ   Сейҷи Кайхо ширкат варзиданд.             Директори КВД «Тоҷикагролизинг» Саидмурод Хайриддинов дар ин ҳамоиш иброз дошт, ки ҳамкориҳои Ҷопон ҷиҳати кӯмак ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и камбизоат бо техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, таъсиси марказҳои хизматрасонии техникӣ (МТХ) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар шароити нави ҳамкориҳо хуб мусоидат менамояд.              Боис ба ёдоварист, ки  моҳи декабри соли 2009 байни роҳбарияти КВД «Тоҷикагролизинг» ва мудири шӯъбаи дуюми Раёсати рушди деҳоти Ҷопон ҷаноби Кодзо Итто протоколи ҳамкорӣ  ба имзо расид.             Дар асоси Созишномаи  бйни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати Ҷопон   давлати Ҷопон оид ба дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) –и камбизоат дар ҳаҷми 190 млн. йен, ки баробари 2 млн. доллари амрикоӣ мебошад,  маблағ ҷудо намуд.             Сардори Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ  ҷаноби Сейҷӣ Кайхо ҷараёни иҷрои лоиҳаро назорат мебарад ва дар як муддати кӯтоҳ ба ҶТ 51 адад испорҳои сохти Ҷумҳурии Украин, 51 адад тракторҳои навъи «Белорус» — ро ворид  намуд. Имрӯз боз 12 комбайни ғалладарави истеҳсоли Русия вориди Тоҷикистон гардид.             Комбайнҳо тавассути дархост ба хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон супорида мешаванд. Аллакай  ронандагони ин комбайнҳо аз курсҳои омӯзишӣ гузашта, ба гирифтани   «Шаҳодатномаи  комбайнчӣ»  мушарраф гардиданд.  

Ноябрь 22, 2010 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид