«АШЪОРИ ҲАКИМОН ВА ОРИФОН»
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Нашриёти «Адиб» дар нашри осори классикону муосирон саҳми назаррас дорад. Нашриёти мазкур ба наздикӣ аз силсилаи 50 ҷилдаи «Ахтарони адаб», ки бо кӯмаку дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чоп мешаванд, ҷилди 13-уми ин силсиларо ба табъ расонид. Ин китоб «Ашъори ҳакимон ва орифон» ном дошта, эҷодиёти Ибни Сино, Кисоии Марвазӣ, Бадеии Балхӣ, Абӯсаид Абӯхайр, Боботоҳири Урёни Ҳамадонӣ ва Бобоафзали Кошониро дар бар мегирад. Қаблан ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ ва 10 ҷилди «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ тариқи нашриёти мазкур бо теъдоди 5 ҳазор нусхагӣ дастраси хонандагон гашта буд.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






