ФБА БАРОИ ТОҶИКИСТОН 20 МИЛЛИОН ҚАРЗ ҶУДО НАМУД
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Қарор дар мавриди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани қарз дар ҳаҷми зиёда аз 20 миллион доллари ИМА аз ҷониби Фонди Байналмилалии Асъор 24 ноябри соли ҷорӣ қабул гардид. Дар ин бора дирӯз дар нишасти матбуотии барои хабарнигорони ватанию хориҷӣ доиргардида намояндаи доимии Фонди Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон Ари Айзен хабар дод. Ӯ зикр намуд, ки Шӯрои иҷроияи ФБА шарҳи сеюмро аз рӯи Барномаи васеъ намудани тартиби қарздиҳӣ дида баромад. Бояд гуфт, ки барномаи мазкур ба расонидани кӯмак ба давлатҳои даромади кам дошта нигаронида шудааст. Қарз ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Барномаи мазкур ҷудо гашта, барои барқарор намудани иқтисодиёти кишвар равона мегардад. «Марҳилаи имтиёзноки қарзи ҷудогардида 5, 5 солро дар бар гирифта, мӯҳлати баргардониданаш 10 сол мебошад», афзуд А. Айзен.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






