ХИЗМАТИ ХУБИ «ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ»
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг», дар давоми моҳҳои январ – октябри соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ корхонаи мазкур ба миқдори 3,5 млн. сомонӣ бо корхонаҳои тавлидкунандаи мошинолоти кишоварзӣ шартнома ба имзо расонид. Тибқи шартномаи ба имзорасида, «Тоҷикагролизинг» 39 адад трактор, 7 адад мошинҳои ғаллакӯб, 4 адад ядакҳои 2 ПТС -4 -793, 3 адад дорупошак, 13 адад испори ПВН 3 -35 ва 150 сихмола ба ҷумҳурӣ ворид намудааст. Аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ бошад, КВД «Тоҷикагролизинг» 35 адад трактор, 82 адад таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ ба маблағи 3,7 млн. сомонӣ харидааст. «Тоҷикагролизинг» дар соли 2010 миқдори марказҳои хизматрасонии техникиро ба 29 адад расонид. Соли ҷорӣ дар асоси Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон 51 адад тракторҳои МТЗ 82-1 ва 51 адад испорҳои ПВН 3 -35 ба ҷумҳурӣ ворид гардид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






