МӮЪМИНОБОД СЕРОБ МЕШАВАД
Мӯъминобод, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). – Дар ноҳияи Мӯъминобод дар баробари рушди инфрасохтори маҳал, яъне бунёди роҳу пулҳо, вусъати корҳои бунёдкориву созандагӣ бо ташаббуси раиси ноҳия Сафаралӣ Зокиров боз ду иншооти обтаъминкунӣ мавриди истифодаи сокинони деҳот қарор гирифт. Таъмини мардум бо об агар аз як тараф мушкилоти мардумро ба дастрасии оби ошомидании тоза осон намояд, аз ҷониби дигар он тадбирандешӣ ҷиҳати амалӣ гардонидани Барномаи « Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» ба ҳисоб меравад. Дар ноҳия, ҳамчунин дар мавзеи дурдасти ҷамоати деҳоти Чилдухтарон, ки дар баландии беш аз 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, иншооти обтаъминкуӣ васл гардид. Аз ин таҷҳизот ба 11 нуқта хатти об кашида шуд, ки минбаъд мушкилоти беобии аҳолии ноҳияро ҳал менамояд. Ногуфта намонад, ки давомнокӣ ва пойдории истифодаи ин иншоот аз маданияти истифодабарандагони об вобаста аст. Бояд қайд намуд, дар бунёди ин ду иншооти обрасон беш аз 46 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ масраф шудааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






