МАРКАЗИ ХУДШИНОСИИ БОНУВОН ИФТИТОҲ ШУД
Душанбе, 30 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Нахустин «Маркази худшиносии бонувон» 30 ноябр дар шаҳри Душанбе ба таври расмӣ ба фаъолият шурӯъ кард, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев иштирок намуд. Раиси шаҳр ба фаъолият шурӯъ кардани маркази мазкурро ба бонувон шодбош гуфта, онро навгонӣ дар фазои иҷтимоии пойтахт арзёбӣ кард. Зикр шуд, ки Марказ бо ҷалби васеи бонувони касбу кори гуногуни аз иҷрои вазифаҳои таъинотиаш баромада, ҳамкории ногусастанӣ ва анҷоми пажӯҳишҳои мустақилу мақсаднок дар ҷомеа баҳри ташаккули зеҳниву ақлонӣ, дарёфту тарбияи бонувони соҳибистеъдоди роҳбар ва пешниҳоди онҳо ба иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ дар сохторҳои шаҳрӣ нақши муассир хоҳад гузошт. Муассисаи мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе баҳри татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии « Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001- 2010» ташкил ёфтааст. Марказ аз ҳисоби буҷаи шаҳр маблағгузорӣ мешавад. Марказ дар ошёнаи чоруми КВД «Маркази равобити пойтахт» ҷойгир буда, сарвари он Шаҳло Ҷӯраева, ки аз рӯи ихтисос ҳуқуқшинос — равоншинос аст, таъин гардидааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






