МАРКАЗИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ФУРӮШИ ОДАМОН ДАР ДУШАНБЕ

Ноябрь 11, 2010 17:05

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Иёлоти Мутаҳидаи Амрико барои лоиҳаҳои мубориза ба муқобили фурӯши одамон зиёда аз 650 ҳазор доллари ИМА ҷудо намуд. Ин маблағ имкон дод, ки дар назди кафедраи ҳуқуқи ҷиноии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази миллии омӯзишии мубориза бар зидди фурӯши одамон кушода шавад.   Дар маросими кушодашавии Марказ муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Муҳаммадиев, Сафири ИМА дар ҶТ Кен Гросс ва роҳбари намояндагии ташкилоти байналмилалӣ оид ба муҳоҷират Зейнал Гаҷиев иштирок намуданд.  Дар ҳамкорӣ бо комиссияи байниидоравии мубориза бар зидди фурӯши одамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи мазкур барои таъмини омодагии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва донишҷӯён барои тафтиши самараноки корҳои ҷиноӣ бар зидди одамфурӯшӣ равона шудааст. Сафир Гросс изҳор намуд, ки азми қавии Ҳукумати ИМА бар зидди ғуломии муосир дар тамоми ҷаҳон, меҳнати маҷбурӣ, истисмор ва зӯроварӣ равона шудааст. Ӯ баён дошт, ки ин мубориза ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шахсони мансабдори давлатиро талаб менамояд. «Ин Марказ барои фаъол гардонидани чунин ҳамкориҳо муқаррар шудааст»- қайд намуд ӯ. Соли 2009 Ҳукумати ИМА 168 барномаи байналхалқии мубориза бар зидди фурӯши одамонро ба маблағи 84 млн. доллар дар 80 кишвари ҷаҳон дастгирӣ намудааст. Сафири ИМА ба Ҳукумати Тоҷикистон баҳри расидан ба ин мақсад дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд. «Мо боварӣ дорем, ки ин марказ макони омӯзиши тафтиши самаранок, тадқиқоти илмӣ, маърӯза, семинару барномаҳои ҳамкорӣ бо макотиби олӣ ва сохторҳои давлатӣ қарор мегирад», иброз намуд Зейнал Гаҷиев.  Ёдовар мешавем, ки аз оғози соли 2005 Сафорати ИМА дар Душанбе тавассути Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва амнияти тартиботи ҳуқуқӣ ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ барои тақвияти Барномаи кӯмак ба Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили одамфурӯшӣ 3 миллион доллар кӯмак расонид.           

Ноябрь 11, 2010 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд