«МАЗУРЭК»- ҶУЗЪИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Ноябрь 11, 2010 14:03

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).-Имрӯз 11 ноябр Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Лаҳистон таҷлил мегардад. Ҷамъияти лаҳистониҳои Тоҷикистон «Мазурэк» низ дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи халқҳои ду сарзамин- Тоҷикистон ва Лаҳистон нақши сазовор дорад. Дар бораи ин ҷамъият зимни мусоҳиба бо раиси ҷамъияти лаҳистониҳои Тоҷикистон «Мазурек» Татяна Белицкая мо маълумоти муфассал дарёфтем.  — Номи ташкилоти шумо чӣ маънӣ дорад ?    Ин номи ғайриоддиро ҷамъият аз номи суруде, ки 200 сол пеш ҳамаи лаҳистониҳоро аз тамоми ҷаҳон бо ҳам ҷамъ овард, гирифтааст. «То даме ки мо зиндаем, Лаҳистон сарнагун намешавад»- суруд ана ҳамин хел оғоз меёбад. Бори аввал ин суруд 20 июли соли 1997 аз тарафи оркестри ҳарбӣ дар полки халқӣ суруда шудааст. Баъдтар, он нафароне, ки Истиқлолияти Лаҳистонро орзу доштанд,  сурудро дар ҷамъомадҳо ба таври пинҳонӣ месароиданд.  Соли 1831 ин суруд чун гимни лаҳистониҳо қабул гардид. Соли 1926 он ба таври расмӣ чун гимни Ҷумҳурии Лаҳистон пазируфта шуд. Таърих лаҳистониҳоро ба ҳар гӯша партофт, лекин ин суруд онҳоро ба ҳам оварда, ҳамеша ҳамроҳӣ менамуд. Аз ҳамин ҷо ҷамъияти лаҳистониҳои тоҷик ин номро гирифтааст.      -Ташкилоти шумо кай таъсис ёфтааст ?   Лаҳистониҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳанӯз дар охирҳои асри ХIХ умр ба сар бурда бошанд ҳам, вале онҳо авлоди ҳамон  мазоикаҳои сурх мебошанд. Лаҳистониҳо яке аз ҷавонтарин мардум дар хонаи Дӯстии халқҳо ба шумор мераванд.  Ташаббуси  таъсисёбии ҷамъият ҳанӯз се сол қабл, моҳи октябри соли 2007 аз ҷониби як гурӯҳ одамон, ки аз якчанд нафар иборат буданд,  пешниҳод шуда буд.   Ташкилот танҳо моҳи феврали соли 2010 ба таври расмӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ҳамин давра фаъолияти ҷамъияти мо, ки ҳадафи асосии он азнав барқарорнамоии анъана, одат расмҳо ва забони миллии мардуми лаҳистонӣ мебошад, оғоз ёфт. Мо имкон пайдо намудем, ки фарҳанги лаҳистониҳоро ба мардуми тоҷик намоиш дода, онро тарғиб намоем, ҳамчунин, бо ватани аҷдодии худ робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангиро барқарор созем. Аз ҳама асосӣ мо ба таҳкими муносибат ва алоқаҳое, ки лаҳистониҳоро бо зодгоҳ пайванд менамояд, диққати зарурӣ дода, муносибатамонро бо мардумони дигар ҷамъиятҳо зичтар менамоем.  — Фаъолияти ҷамъият чӣ гуна аст ?   Ҷамъият дар чорабиниҳои аз ҷониби давлати Тоҷикистон барпо мешуда, ки ба барқарорсозӣ ва таҳкими робитаҳои гуногунҷанба бо Лаҳистон равона гардидаанд, фаъолона ширкат меварзад. Ҳамин тавр моҳи апрели соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби Созишнома оид ба ҳамкории байни давлатҳои Тоҷикистон ва Лаҳистон «Рӯзҳои дарҳои кушод»-ро, ки аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Сафорати Лаҳистон ташкил шуда буд, баргузор намуд. Чанде пештар, аниқтараш моҳи октябр вохӯрии сарварони ҷамъият бо мушовир-роҳбари шӯъбаи мусоидат бо тиҷорат ва сармоягузорӣ Славомир Сташлаковский ва ҳайати соҳибкорон доир гардид. Моҳи июли соли ҷорӣ бо дастгирии Ҷумҳурии Лаҳистон озмуни Мактаби тобистона барои омӯхтани забони лаҳистонӣ ташкил гардид, ки омӯзгори он мутахассиси варзида ва забоншинос Мартина Марковска мебошад. Мехоҳам миннатдории худро ба ҳукумати Лаҳистон, ки барои иҷора гирифтани бино ба мо кӯмаки молии худро расонидааст, баён намоям. Ҳамчунин, ба ҷамъияти мо аз чониби давлати Лаҳистон таҷҳизоти техникӣ барои омӯзиши забони лаҳистонӣ, видеотека, адабиёти дарсӣ ва бадеӣ, шиорҳо бо забони лаҳистонӣ, ки бозгӯи таърихи кишварамон мебошанд, чун тӯҳфа дода шуд.  Аз фурсат истифода бурда, аъзои ҷамъияти лаҳистониҳои Тоҷикистон аз самими дил ба ҳамаи онҳое, ки тӯли ин муддат барои фаъолияти мо кӯмак расонидаанд, моро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намудаанд, миннатдории хешро баён менамоянд. Мо дар навбати худ ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Лаҳистон ва дар симои онҳо лаҳистониҳои муқими Тоҷикистонро бо Рӯзи Истиқлолияти Лаҳистон табрик намуда, ба онҳо сулҳу амонӣ ва хушбахтӣ таманно дорем!  Барои сӯҳбат ташаккур.    

Ноябрь 11, 2010 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад