МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО М.ИМАНАЛИЕВ
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии рўз, 22 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Муратбек Иманалиевро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили омодагӣ ба ҳамоиши сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки рўзи 25 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шуд. «Ҳамкорӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай барои кишвари мо яке аз афзалиятҳои асосӣ ба шумор меравад», — изҳор намуд дар оғози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид дошт, ки «Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими имконоту қудрати ин созмон аст ва барои ин аз ҳама иқдому ташаббусҳои судманд пуштибонӣ хоҳад кард». Муратбек Иманалиев аз омодагии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва таваҷҷўҳи хоси роҳбарияти кишвар ба ҳамоиши мазкур изҳори хушнудӣ намуда, ёдовар шуд, ки дар зарфи 4 соли охир бори дуюм аст мулоқоти сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши мазкур барои таҳкими амнияту субот дар минтақа, рафъи мушкилот дар роҳи ҳамкории минтақавӣ ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои гуногуни судбахш заминаи мусоид мегузорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






