МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО ВИҶАЙ КУМАР СИНКҲ

Ноябрь 11, 2010 14:00

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сардори Ситоди Артиши Ҳиндустон Виҷай Кумар Синкҳро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шуд. «Мақоми муҳим доштани ҳамкории низомии Тоҷикистону ҳиндустон дар муносибатҳои дўстонаи ду кишвар  нишонаи шарикӣ ва эътимод аст», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Аз сатҳи баланди муносибатҳо ва пайвастагии робитаҳои сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Мубодилаи иттилооту таҷриба дар муборизаи байналмилалии зиддитеррористӣ, кўмакрасонии техникӣ ва омодасозии кадрҳо барои қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз самтҳои асосии ҳамкории низомии ду кишвар арзёбӣ гардид. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистону таъсири манфии он ба кишварҳои ҳамсоя ва тадбирҳои муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон доир ба таҳкиму тақвияти амнияти минтақавӣ сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 11, 2010 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд