МУЛОҚОТИ О.ОҚИЛОВ БО КИЁШИ КОДЕРА

Ноябрь 9, 2010 16:41

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров).-Имрӯз, 9 ноябр Cарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо ноиби президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ  Киёши Кодера мулоқот кард.    Зимни мулоқоти пурмўҳтаво маҷмўи масоили ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон ва Агентӣ , ки барномаҳояш тавассути Ҳукумати Ҷопон  амалӣ мегардад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Оқил Оқилов аз Киёши Кодера даъват ба амал овард , ки доираи ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам фарохтар гардонида шуда ба бахши иқтисодиёт ,фарҳанг ва туризм низ тавваҷўҳи зарурӣ  зоҳир карда шавад. Ноиби президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ  Киоши Кодера изҳор дошт , ки таклифу пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони Агентӣ албатта,  мавриди омўзиш қарор гирифта, дар оянда доираи ҳамкориҳои дуҷониба бахшҳои боз ҳам бештарро фаро хоҳанд гирифт.

Ноябрь 9, 2010 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш