НИШОНДОДҲОИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар моҳҳои январ – октябри соли 2010 аз 851 корхонаи истеҳсолӣ 468 корхона ё 55 фоизи он аз сатҳи истеҳсолоти январ – октябри соли 2009 бештар маҳсулот истеҳсол намудаанд. Аз ҷумлаи корхонаҳои истеҳсолкунандаи ВМКБ аз 13 корхона 4 корхона, дар вилояти Суғд аз 253 корхона — 153, дар вилояти Хатлон аз 257 корхона – 139, дар шаҳри Душанбе аз 228 корхона – 131 ва дар НТҶ аз 153 корхона 78 корхона нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 бештар маҳсулот бароварданд. Корхонаҳои «Тоҷикматлубот» сатҳи истеҳсолотро нисбат ба соли гузашта 54, 1 фоиз зиёд намуданд. Дар моҳҳои январ – октябри соли 2010 124 корхона ё 14 фоизи миқдори умумии корхонаҳо аз кор бозмонданд. Дар моҳи октябри соли ҷорӣ 285 корхона умуман кор накард. Аз 78 намуди асосии маҳсулоти саноатӣ истеҳсоли 40 номгӯй афзуда, 28 номгӯй кам ва 10 номгӯйи маҳсулот умуман истеҳсол нашудааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






