РОҲХАТИ АГЕНТӢ БАРОИ КОР ВА ОМӮЗИШ
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Душанбе, Раёсатҳои он дар ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино дар Сирки давлатии Тоҷикистон ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро баргузор намуд. Дар ярмарка 33 корхонаю муассисаҳои шаҳри Душанбе иштирок ва ба корҷӯён 1792 ҷойҳои кории холиро пешниҳод намуданд. Тибқи мувофиқаи қаблӣ бо «Шабакаи аввал»-и ҷумҳурӣ гузоришу мусоҳибаҳо оид ба баргузории ярмарка ва ташкили ин чорабинӣ, ки барои бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони бекор мусоидат менамоянд, сабт шуданд. Дар ярмаркаи зикршуда ба 43 нафар корҷӯён барои кор ва ба 11 нафар барои омӯзиши касбҳо роҳхат дода шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






