РУСИЯ БА Қ. РАСУЛЗОДА МЕДАЛИ ТИЛЛОӢ ДОД
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ҷонишини аввали раиси комиссияи муносибатҳои байналмилалии Ҳизби «Единая Россия» («Русияи ягона») Николай Бухонин аз номи Раёсати Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Федератсияи Русия ба Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода барои саҳми арзандааш дар мустаҳкам намудани дӯстии халқҳои Тоҷикистону Федератсияи Русия, посдорӣ ва густариши фарҳанги волои халқҳои собиқи шӯравӣ дар вилоят диплом ва медали тиллоии Шӯрои мазкурро тақдим намуд. Халқҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон бо ҳам дӯсту бародар буда, тибқи сиёсати оқилонаи роҳбарони ин ду давлат равобиту ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф густариш меёбанд. Раиси вилояти Суғд барои чунин таваҷҷӯҳ ва қадрдонӣ ба намояндагони Федератсияи Русия арзи сипос намуда, зикр дошт, ки робитаҳои иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон, аз ҷумла минтақаҳои он ва вилояти Суғд минбаъд ривоҷу равнақ хоҳанд ёфт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






