САБАБҲОИ НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ МУЗДИ КОРМАНДОНИ «САНГТӮДА-1» КАДОМ АСТ?

Ноябрь 22, 2010 17:51

Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Мутобиқи  ҳисоботи меҳнатии  оморӣ ба  ҳисоби  миёна  дар  давоми  соли 2010 шумораи  кормандони  дар ҶСК «НБО Сангтӯда – 1»  фаъолияти меҳнатидошта 176  нафарро ташкил  менамояд, ки  аз ин   шумора  80  нафарашон дар  асоси   шартномаҳои  меҳнатии  мӯҳлатнок  ва  як  нафарашон  дар  асоси  шартномаҳои  граждании ҳуқуқӣ  ба  фаъолияти  меҳнатӣ  ҷалб  карда шуданд. Шумораи   занҳои  фаъолияти  меҳнатидошта дар  ҷамъият  80 нафарро ташкил  менамоянд. Раванди  санҷиш  чуноне, ки  муайян  намуд,  дар  асоси  Созишномаи  байни  ҳукуматҳои  Федератсияи  Русия ва  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  30  июли соли  2009  оид ба  ҳамкорӣ  дар  истифодаи НБО «Сангтӯда – 1» шартномаҳои №С/Б-2/8-01 аз  5  июни  соли  2007, №9178-2009 аз 17  сентябри соли  2009 ва  созишномаҳои  иловагӣ  баста шуда, пардохти  ҳаққи  барқи дар  НБО «Сангтӯда- 1» истеҳсолшударо  аз  ҷониби  ШСХК «Барқи тоҷик» кафолат  медиҳанд. Новобаста  аз  ин, ШСХК «Барқи тоҷик» талабот  ва  кафолатҳои  шартнома ва  созишномаҳои дар  боло зикргардидаро  риоя  накарда,  ҳаққи  пардохти фурӯши  барқро  мунтазам  пардохт  наменамояд. Чунончӣ, қарзи ШСХК «Барқи тоҷик» дар  назди  ҶCК НБО «Сангтӯда- 1» дар  ҳолати  имрӯза  қариб  ба  30  млн. доллари  ИМА  баробар  шудааст.  Ин  ҳолат  ба он  оварда  расонид, ки дар ҶCК НБО «Сангтӯда- 1» қарздорӣ аз  музди  меҳнат  5  млн. 553 ҳаз. сомониро  ташкил  медиҳад. Қарздории  музди  меҳнат  дар назди ҶCК НБО «Сангтӯда- 1»  асосан  аз  моҳи  октябри соли  2009  пайдо  гардидааст, чунки  тибқи  маълумоти  муҳосибӣ аллакай  дар  моҳи  октябри  соли  2009  Ҷамъият аз  ҳисоби  пардохти  музди  меҳнати  кормандон ба  маблағи  2  млн. 96,1  ҳаз. сомонӣ  қарздор  буд.  Сабаб  ва  омилҳои  асосии  пайдоиши  қарздории  музди  меҳнат ин  риоя  накардани  талаботи  шартнома ва  созишномаҳо  аз тарафи ШСХК «Барқи тоҷик», яъне  аз тарафи  ширкати мазкур  мунтазам пардохт накардани ҳаққи фурӯши  барқи  нерӯгоҳ  мебошад. Дар бахши робита бо  ҷомеаи Вазорати меҳнат ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки барои  бартараф  намудани  қарздории музди  меҳнат  аз тарафи мутахассисони Хадамот амрнома  дода шуд ва барои  саривақт напардохтани  музди  меҳнати  кормандон мутобиқи  Кодекси  ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ се  маротиба  ба  ҷавобгарии  маъмурӣ  кашида   шуд,  вале  то  ҳол  музди  меҳнати  кормандон бо пурагӣ  дода нашудааст.           

Ноябрь 22, 2010 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш