ШАРҲИ МУРОҶИАТНОМАИ ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК»

Ноябрь 11, 2010 17:07

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). –Муроҷиатномаи  ШСХК «Барқи Тоҷик»  бо унвони «Чӣ бояд кард то мо дар давраи зимистон бо қувваи барқ беҳтар таъмин гардем» бо тиражи 10 ҳазор нусха аз чоп баромад. Бояд гуфт, ки ин муроҷиатнома дар байни ҳамаи   муштариён  ройгон тақсим мешавад.     Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик»  Нозир Ёдгорӣ хабар дод.    Тавре пештар хабар дода будем, меъёри истифодаи нерӯи барқ ба шаҳри Душанбе дахл надорад.Вобаста ба ин 15-17 фоизи нерӯи барқи истеҳсолмешуда барои сокинон ва муассисаҳои пойтахт сарф мешавад.Дар мавсими сармо ин фоиз зиёдтар мегардад.  Аз ин рӯ дар муроҷиатномаи худ  ШСХК «Барқи Тоҷик»   истифодабарандагони нерӯи барқи кишварро ба сарфакорӣ ва сари вақт супоридани маблағи нерӯи барқ даъват менамояд. Шумораи  муштариёни  нерӯи барқи ҷумҳурӣ тибқи иттилои  ШСХК «Барқи Тоҷик» айни замон 160 ҳазорро ташкил медиҳад.             Дар муроҷиатнома, ҳамчунин, омадааст: «Дар сурати пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштани муштариёни нерӯи барқи шаҳри Душанбе ва дар сурати дар як шаб истифода бурдани 8 лампаи каммасрафи  24 ватта ба ҷойи 8 адад лампаи 100 ватта   тӯли як шабонарӯз ба ҳисоби миёна  12 соат ва дар  як сол зиёда аз 426 миллион киловатт-соат нерӯи барқро сарфа  менамоем. Ба ҳисоби маблағ ин рақам 38 миллиону 340 ҳазор сомониро ташкил медиҳад».  Дар муроҷиатнома, ҳамчунин, омадааст, ки агар ҳар як сокини пойтахт тӯли сол ақаллан нерӯи як лампаи барқиро сарфа намояд, аз ин ҳисоб метавон шаҳрро  муддати 8-10 рӯз бо нерӯи барқ таъмин намуд.               Мушкилоти асосии соҳа пардохти қарзи нерӯи барқ боқӣ мемонад. Қарзи аҳолии шаҳри Душанбе тӯли 9 моҳ 17 миллиону 654 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Қарзи умумии аҳолӣ бошад ба 53 миллиону 812 ҳазор сомонӣ баробар аст.   Дар муроҷиатнома  якчанд маслиҳат барои истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ омада, ҳамчунин, рақами телефонҳои шахсони   навбатдор, ки шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд, оварда шудааст.

Ноябрь 11, 2010 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд