ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
Хоруғ. 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Рӯзи 22 ноябри соли ҷорӣ ба шарафи Рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ дар ҳамбастагӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ бо парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масофаи 3 км раҳпаймоӣ намуданд. Сипас, соати 11 дар толори калони Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ дар мавзӯи «Парчам яке аз рамзҳои асосӣ ва нишони соҳибихтиёрии давлат», конфронси илмӣ — адабӣ баргузор гардид. Саҳни толори донишгоҳ бо овезаҳо ва парчамҳо оро дода шуда, таҳти суруди «Қасам» се тан донишҷӯ бо парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даромадгоҳи асосӣ вориди толор гарданд. Ҳозирин бо қарсакзании пурмавҷ ҳагоми ворид сохтани парчами ҷумҳурӣ аз ҷой бархестанд. Сипас, профессор, ректори донишгоҳ Г.Ҷангибеков бо суханҳои табрикӣ баромад намуд. Баъд донишҷӯён дар боби Парчами давлатӣ, Ватан, сулҳу амонӣ шеърҳо қироат намуданд. Конфронси илмию адабӣ бо суруди «Қасам» поён ёфт.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






