10 ВАРЗИШГАРИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2010-УМ

Декабрь 21, 2010 12:19

Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 10 варзишгари беҳтарини соли 2010-умро муайян кард. Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов бар асоси назархоҳии шореҳони варзиш ба рӯйхати беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон дар соли 2010-ум инҳо дохил шуданд: Дилшод Назаров – қаҳрамони Бозиҳои XVI осиёӣ, барандаи ҷоизаи нуқраи Ҷоми ҷаҳон, ғолиби бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалии Гран-при оид ба гурзандозӣ, Расул Боқиев – барандаи медали биринҷии Бозиҳои XVI осиёӣ, ғолиби давраи Ҷоми ҷаҳонии дзю-до ва дорандаи нишони нуқраи Ҷоми Аврупо, Муродҷон Тӯйчиев — барандаи медали биринҷии Бозиҳои XVI осиёӣ оид ба гуштии юнониву румӣ, қаҳрамони ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ, Ҷаҳон Қурбонов – барандаи медали биринҷии Бозиҳои XVI осиёӣ оид ба бокс, Набимуҳаммад Хоркашев — барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ва қаҳрамони Осиё оид ба гуштии самбо, Мавзуна Чориева — қаҳрамони Осиё оид ба бокс, Баҳодур Қодиров– барандаи медали нуқраи нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар риштаи гуштии озод, Алишер Аҳмадов — қаҳрамони ҷаҳон оид ба кикбоксинг байни наврасон, қаҳрамони мутлақи Осиё ва барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба таеквон-до ИТФ, Акмал Қодиров — барандаи медалҳои нуқраю биринҷии чемпионати ҷаҳон оид ба армрестлинг байни варзишгарони маъюб, Юсуф Рабиев, капитани дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе – қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи Ҷом ва Суперкубок ё Ҷоми олии Тоҷикистон.  Беҳтарин варзишгарони сол бо ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар ва дипломҳои Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши кишвар мукофотонида хоҳанд шуд.

Декабрь 21, 2010 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад