ҲАДАФҲОИ АСЛИИ ФОРУМИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Нимаи дуюми рӯз ҷаласаи Шӯрои рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон кори худро дар се бахш идома дод. Дар мавзӯи «Рушди нерӯи инсон: ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ ва маориф» муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова суханронӣ намуда, иброз дошт, ки «ҳадаф ва вазифаҳои стратегии миллии рушди ҶТ ва стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба хати аввалиндараҷаи масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нигаронида шудаанд. Дар чорчӯбаи талаботи Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар солҳои наздики сипаригардида ҷиҳати татбиқи қонунгузории меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, нафака, суғуртаи иҷтимоӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, муҳоҷират ва дигар самтҳои хаёти иҷтимоӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба тавсиб расидаанд, ки айни замон мавриди амал қарор доранд. Дар натиҷаи татбиқи самараноки ҳуҷҷатҳои қабулгардида то санаи 1 августи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 музди меҳнат аз 1 то 47, 5 сомонӣ, идрорпулӣ се маротиба афзудааст. Дар ин давра ҳамкорӣ бо шарикони Рушд вусъат дошта, ҳисоботи таҳлилии сиёсати меҳнат дар ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст ва ҷиҳати тақвият бахшидани қувваҳои миёнарав дар бозори меҳнат сомонаи нахустини ҷойҳои кории холӣ дар ҳафт шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз намуд»… Сипас намояндагони масъули Шӯрои ҳамоҳангсозии донорон: намояндаи Дафтари кишварии Агентии ИМА оид ба Рушди Байналмилалӣ Кевин Дин, директори кишварии ҷамъияти Олмон оид ба кӯмаки техникӣ Стефан Эрбер, намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ Хонгвей Гао суханронӣ намуданд. Оид ба гузоришҳои ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои хамоҳангсозии донорон муҳокимаҳо сурат гирифт.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






