Ҳ.У. ЗАХИЛВОЛ: «МО ТОҶИКИСТОHРО АЗ ХУД ҶУДО НАМЕДОНЕМ»

Декабрь 16, 2010 12:18

Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – «Мо  аслан Тоҷикистонро кишвари аз худ ҷудо фикр намекунем», — гуфт пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири молияи Афғонистон Ҳазрат Умар Захилвол.  Ба гуфти ӯ муҳаббате, ки байни Тоҷикистону Афғонистон ва алоқамандие, ки миёни мардуми  ин ду кишвар  ҳаст, аслан фикр намекунем, ки мо ду  кишвар  ҳастем. «Дар мулоқоти имрӯзаи мо бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, бахусус дар мавриди тиҷорати ду кишвар, бунёди роҳҳои оҳану мошингард, доир ба кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқ баррасӣ гардиданд», — идома дод вазири молияи Афғонистон. Ҳазрат Умар Захилвол тазаккур дод, ки ҳайати баландпояи Афғонистон дар ин мулоқот бо Сарвари давлати Тоҷикистон тадбиқи лоиҳаҳои муҳим, бахусус лоиҳаҳои транзитиро, ки ҳам барои Афғонистон ва ҳам барои Тоҷикистон муҳиманд, муҳокима намуда, роҷеъ ба лоиҳаҳои амалишавандаи дар мулоқоти раисҷумҳуриҳои ин ду кишвари дӯст муҳокима ва баррасишуда  табодули назар карданд. «Мо аз ин сафар дар Тоҷикистон хеле муваффақ хоҳем шуд, зеро ҳидоятҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон мекунанд ҳидоятҳои раисҷумҳури Афғонистон аст ва ин ҳидоятҳо ҳамеша бар он таъкид мекунанд, ки дар Афғонистон низ сулҳу субот ва оромию тинҷӣ ҳукмфармо гардад ва равобити ҳасана ва дӯстонаи мо бо бародарони тоҷик аз ин ҳам бештару хубтар ва  фарохтар рушд кунад, то мо тавонем лоиҳаҳои муштаракро ба манфиати давлат ва мардумамон амалӣ созем», — мӯътақид аст Захилвол. Вай зикр намуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон ва Афғонистон лоиҳаҳои муштарак амалӣ мешаванд, ки ба нафъи ҳарду кишвар равона шудаанд ва имконоти зиёд низ мавҷуд аст, ки мо бояд онҳоро ба фоидаи кишварҳоямон истифода барем, то тавонем ҳадафҳои аслии роҳбарони   кишварҳоямонро   амалӣ созем.        

Декабрь 16, 2010 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ