«ҲУНАРМАНД» НЕРӮГОҲ СОХТ

Декабрь 16, 2010 11:30

        Тоҷикобод, 16 декабр.(АМИТ «Ховар», М. Ризвонов).-Дар  деҳаи  Фатҳободи  ҷамоати деҳоти «Қалъаи  лаби об»-и ноҳияи  Тоҷикобод нерӯгоҳи хурди  барқи  обии  иқтидораш 282  киловат–соат ба  истифода дода шуд. Нерӯгоҳ аз ҷониби   Ҷамъияти  дорои  масъулияти маҳдуди  «Ҳунарманд», ки  сарвараш Саидвоҳид Абдулвоҳидов мебошад ва  бо маблағгузории  Вазорати  энергетика ва  саноат ба  маблағи як  миллиону  400 ҳазор сомонӣ  бо  сифати  баланд сохта  шуда, мавриди   истифода  қарор гирифт.            Кунун  нерӯгоҳ метавонад 500 хоҷагии  деҳаҳои гирду  атроф ва  маркази ноҳия,  касалхонаи  марказӣ,  боғчаи  бачагона,  омӯзишгоҳи  касбии техникиро  пурра бо қувваи  барқи доимӣ  таъмин  намояд, изҳор  дошт  раиси  ноҳия  Махсум  Фозилов ба хабарнигори мо.

Декабрь 16, 2010 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид