МАҶЛИСИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИ СААД
Маскав, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Имрӯз дар пойтахти Федератсияи Русия – шаҳри Маскав таҳти раёсати вазири мудофиаи шаҳрвандӣ, вазъияти фавқулодда ва бартараф сохтани оқибати фалокатҳои табиии Русия С. Шойгу маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони сохторҳои вазъияти фавқулоддаи мамлакатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ кушода мешавад. Дар он масъалаҳои марбут ба истифодаи қувваю воситаҳои вокуниши давлатҳои аъзои созмон дар бобати ба эътидол овардани вазъияти Ҷумҳурии Қирғизистон, роҳу усулҳои вокуниши дастаҷамъӣ ба ҳар гуна вазъияти фавқулодда ва пешниҳодҳо дар бораи таъсиси маркази ягонаи иттилоотӣ муҳокима карда мешаванд. Иштирокчиёни маҷлис инчунин ҷараёни иҷрои Нақшаи фаъолияти созмонро дар бобати ташаккули низоми вокуниши дастаҷамъӣ ба шароити фавқулодда баррасӣ намуда, пойгоҳҳои асосиро барои тайёр намудани ҷузъу томҳои мақомоти дахлдори давлатҳои аъзои созмон муайян мекунанд, ки салоҳияти пешгирӣ ва барҳам додани вазъияти фавқулодда ба зиммаи онҳо гузошта шудааст.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






