МУСОҲИБАИ Э. РАҲМОН БО ХАБАРНИГОРОНИ МОҲНОМАИ «ВАШИНГТОН ДИПЛОМАТ»
3 декабр соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони моҳномаи «Вашингтон дипломат» — и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мусоҳиба орост. Хотиррасон бояд намуд, ки ин нашрия моҳе як бор дар шаҳри Вашингтон — пойтахти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нашр гардида, ба доираҳои дипломатӣ ва сохторҳои сиёсӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ, илмӣ-тадқиқотии ин кишвар ва зиёда аз 180 давлати ҷаҳон дастрас карда мешавад. Маводи ин моҳнома ҳамчунин тавассути сомонаи интернетии он дастраси миллионҳо нафар хонандагон мебошад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои сершумори хабарнигорони амрикоӣ оид ба нақши Тоҷикистон дар таъмини амнияту субот дар минтақа, пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои аз Афғонистон сарчашмагиранда, рафъи мушкилот дар роҳи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, истифодаи босамар аз захираҳои фаровони табиӣ ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон посух дод. ҳайати эҷодии моҳнома тасмим гирифтааст, ки дар яке аз шумораҳои наздики он мусоҳибаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва як силсила мақолаю гузоришҳоро дар бораи Тоҷикистон ба чоп расонанд. Хабарнигорони амрикоӣ ҳамчунин тасмим доранд, ки як барномаи муфассали телевизионӣ таҳия намуда, аз тариқи телевизиони «MHZ worldview» пахш намоянд. Чунонки аён шуд, ҳадафи онҳо шиносоии бештару беҳтари Тоҷикистон, аз ҷумла сарватҳои табиӣ, имконоти ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва осори фарҳангию зебоиҳои кишвари афсонавии мо ба оламиён аст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






