НАВИСАНДАИ АСАРҲОИ ТАХАЙЮЛӢ ДАРГУЗАШТ

Декабрь 3, 2010 13:44

Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова) —  Шаби 2 ба 3 декабри соли ҷорӣ  дар синни  83 солагӣ шоир, нависанда ва драматурги барҷастаи тоҷик     Абдумалик Баҳорӣ аз олам даргузашт. Ҷанозаи марҳум имрӯз, 3 декабр дар шаҳри Душанбе барпо гардид.  Абдумалик Баҳорӣ 22 марти соли 1927 дар  шаҳри Хуҷанд дар оилаи бофанда ба дунё омадааст. Ӯ соли  1946 факултаи адабии  Институти давлатии  педагогии Ленинобод ба номи Кировро хатм намуд. Аз соли 1951 дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ба сифати муҳаррир,  сипас  мудири шӯъбаи адабиёт ва муовини муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ»,  аз соли 1961 то 1965 дар вазифаи   муҳаррири  маҷаллаи адабӣ-бадеӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии  «Садои Шарқ» кор намудааст. Баъдан ӯ чун сармуҳаррири ҳайати барномавии Вазорати фарҳанги  РСС Тоҷикистон ва муҳаррири калон дар  нашриёти «Ирфон»   фаъолият  намудааст. Абдумалик Баҳорӣ     беҳтарин шоири кӯдаксаро ба ҳисоб мерафт. Достонҳои афсонавии шоир дар эҷодиёти ӯ мавқеи назаррас доранд.  Абдумалик Баҳорӣ   аввалин нависандаи  асарҳои афсонавӣ-тахайюлӣ  дар адабиёти  бадеӣ мебошад. Дар маҷмӯаи асарҳои илмӣ-  тахайюлии ӯ ҳикояҳои  «Хавфи духтур Мансур»,  «Занбӯри айнакдор»(1971), «Ғароиботи Нодар» (1972),  «Бозгашт» (1973),  «Санбул» (1974), «Савораҳои навҷавон» (1975), «Фирори ассистент» (1981)  шӯҳрати калонро соҳиб гашта, ба чандин забонҳои дунё тарҷума шудаанд. Абдумалик Баҳорӣ     барои саҳми назаррасу арзандааш дар пешрафти  назми тоҷик бо  чандин мукофоти давлатӣ сарфароз гардида,   унвони  «Шоири Халқии Тоҷикистон»-ро  дошт ва  ҳамчунин барандаи ҷоизаи ба номи устод Рӯдакӣ буд. Хотираи неки   адиби зиндаёд Абдумалик  Баҳорӣ дар дили ҳаводорони назми ӯ боқӣ мемонад.

Декабрь 3, 2010 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад