ОЗМУНИ БОЗГӮКУНАНДАИ ҲУСНИ ДИЁР
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – Бо мақсади нишон додани омодагӣ ва таҷлили ҷашни фархундаи 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бештар ҷалб намудани таваҷҷӯҳи сокинони кишвар ба зебоии сарзамини Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, меҳру муҳаббати онҳо ба Ватан ва табиати зебои он, инчунин санъати аккосӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни суратгирони касбӣ ва журналистони суратгир таҳти унвони «Ҳусни диёри маҳбуб» озмун эълон намуд. Озмун аз 1 январи соли 2011 оғоз ёфта, то 1 апрели соли 2011 идома меёбад. Суратгирони касбӣ ва журналистони суратгире, ки дар озмуни мазкур хоҳиши иштирок доранд, метавонанд сурати манзараҳои табиӣ, иншооти нодири дорои аҳамияти таърихиву фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишварро аккосӣ намуда, инчунин, расмҳоеро, ки қаблан аккосӣ кардаву вале онро дар воситаҳои ахбори умум чоп накардаанд ё ба намоишгоҳҳо нагузоштаанд, дар қоғази андозааш 12Х15 см. ба таври ранга даҳ ададӣ чоп карда, якҷо бо шакли электрониаш ба ҳакамони Озмуни ҷумҳуриявӣ ба суроғаи зерин пешниҳод намоянд: 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ — 34, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Озмуни ҷумҳуриявии суратгирон «Ҳусни диёри маҳбуб», тел. 223- 14 – 74. Барои ғолибони озмун шаш мукофот муқаррар гардидааст: — барои як ҷои якум – 4 (чор) ҳазор сомонӣ; — барои ду ҷойи дуюм – 4 (чор) ҳазор сомонӣ, яъне ба ҳар кадом 2 (ду) ҳазор сомонӣ ; — барои се ҷойи сеюм — 3 (се) ҳазор сомонӣ, яъне ба ҳар кадом 1 (як) ҳазор сомонӣ; — барои ҳавасмандгардонӣ — 1 (як) ҳазор сомонӣ. Ба таваҷҷӯҳи иштирокчиён мерасонем, ки дар ҷараёни баргузории озмун суратҳои беҳтарини пешниҳодгардида дар марказҳои фарҳангии пойтахти кишвар ба намоиш гузошта мешаванд, ҳамчунин аз тариқи воситаҳои ахбори умум ва телевизион интишор мешаванд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






