С. ШАРИФОВ: «ХОВАР» МИСЛИ ПЕШТАРА МАНБАИ МУҲИМ ВА ЗАРУРИИ ИТТИЛООТ МЕБОШАД

Декабрь 31, 2010 11:53

Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар»,  Людмила  Дубинина). – 31  декабр ба таъсиси  Агентии  миллии  иттилоотии «Ховар» 85  сол пур  шуд. Агентӣ дар  давоми  ин  солҳо  роҳи  душвору  мураккаб ва  пуршарафи камолотро  тай  намуд. «Ховар» дар  замони  шӯравӣ  бо  номи  ТоҷикТА  шӯҳрати  калон  дошт. Ҳоло  дар  он  сулолаи  нави  журналистони  варзидаю  таҷрибанок  кор  мекунанд.  Мухбири  АМИТ «Ховар»  ба  ин  муносибат  бо  директори Маркази тадқиқоти  стратегии  назди  Президенти ҷумҳурӣ  Сӯҳроб  Шарифов  ҳамсӯҳбат  шуд. С.Шарифов  зимни  сӯҳбат  изҳор  намуд, ки  фаъолияти Агентии  миллии иттилоотии «Ховар»  дар  давраҳои  гуногуни  таърихи  кишварамон    дар  давоми  85 сол тағйир  наёфтааст.  Агентӣ  дар  ин  муддат  вазифаи  асосии  худ  — ҷамъ  овардан, таҳлил  намудан,  омода  сохтан ва  пахш  намудани   иттилооти  воқеӣ ва  эътимодбахшро  сардбаландона  иҷро  мекунад. «Ховар» инчунин  дар  бораи  фаъолияти  сохторҳои ҳукуматию  давлатӣ  ва  ҷамъиятӣ  ахбороти таъҷилӣ  нашр  мекунад. Мутаассифона,  имрӯз имкониятҳои  сари вақт  ва таъҷилӣ  инъикос  намудани  ҳамаи  рӯйдодҳои  мамлакат  ва  ҷаҳон,  хусусан  дар  минтақаҳо то  андозае  маҳдуд  гардидаанд.  Агентии миллии  иттилоотии «Ховар»  солҳои  аввали  мустақилияти  давлатии  мамлакат  ҳамчун  манбаи  расмии  иттилоот нақши  муҳим  мебозид. Маҳз «Ховар»  чи  дар мамлакат, чи  берун  аз он  ва  чи  дар  арсаи  байналмилалӣ  Тоҷикистонро  ҳамчун  давлати  нави  мустақил,  миллӣ,  сулҳпарвар ва  пешрафта муаррифӣ  менамуд. Солҳои гуногун  дар  ин  ҷо журналистони  соҳибтаҷрибаю  варзида  кор  мекарданд. Дар  байни онҳо  директорони  он  Зайниддин  Насриддинов,  Набиҷон  Каримов ва  Зафар  Саидовро  зикр  кардан  мумкин  аст.  Онҳо  қобилияти  калони  роҳбарӣ  дошта,  дар  баробари  ин  ҳамчун  журналистони  соҳибтаҷриба ба  ҷавонон  дарси  маҳорат  меомӯхтанд. Ман  ин  ҷо дар  бораи  хизмати  шоёни  тарҷумонҳои  касбии   агентӣ махсус  сухан  ронданиам. Онҳо  на танҳо  хабару  мақолаҳои  рӯзмарра,  балки  хабарҳои  расмиро  на танҳо  ба  забонҳои русию  ӯзбекӣ,  инчунин  ба  забонҳои  дигари  хориҷӣ  низ  саривақт  ва  хушсифат  тарҷума  карда,  дастраси  хонандагон  мегардонанд. Имрӯз барои  бештар  сохтани  нақши  Агентии иттилоотии «Ховар»  журналистон ва  хабарнигорони  таҷрибадору  боистеъдод ва  фаъол, менеҷерҳои   варзида ва  технологияи  муосири  иттилоотӣ  заруранд. Хабарнигорони «Ховар» бояд  на  танҳо  хабарҳои рӯзмарра,  балки   хабарҳои  дорои  хусусияти танқидию  таҳлилӣ  нависанд. Ҳоло   хабарҳои  «Ховар»  бештар  хусусияти  сиёсӣ  доранд.  Бо  вуҷуди ин, Агентии  миллии  иттилоотии «Ховар»  мисли  пештара   ҳамчун  манбаи  асосӣ,  муҳим ва  зарурии иттилоот  боқӣ  мемонад. Дар  фарҷоми  сӯҳбат   ба  кормандони  агентӣ  ба  муносибати 85 – солагии он  ва ба  шарафи  фаро  расидани  иди Соли  нав  саломатӣ ва рӯзгори  фараҳмандона  орзу  менамоям. Умедворам, ки ба агентӣ журналистони  боистеъдоду  соҳибтаҷриба  ҷалб  карда  мешаванд  ва  шӯҳрати он  дар  байни  воситаҳои  ахбори оммавӣ ва  хусусан агентиҳои  иттилоотӣ  бештар  хоҳад  гашт, —  гуфт  дар  хотима  Сӯҳроб  Шарифов.

Декабрь 31, 2010 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд