СУҒД: БА ТАЪМИРУ ТАҶДИДИ РОҲҲО ЭЪТИБОР МЕАФЗОЯД
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Солҳои охир аз буҷети вилояти Суғд барои таъмиру таҷдиди роҳҳои қаламрави вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо мешаванд, ки ин иқдом ба ободии роҳҳо мусоидат менамояд. Чунончӣ, соли 2008 барои таъмири роҳи автомобилгарди Хуҷанд — Ғафуров 6,2 миллион сомонӣ, соли 2009 барои таъмири роҳи автомобилгарди шаҳри Чкалов — 7 миллион сомонӣ, соли 2010 барои таъмири роҳи автомобилгарди шаҳри Хуҷанд – 8 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, корҳо босифат ба анҷом расиданд. Ҳамчунин, дар соли 2010 аз буҷети вилоят ҷиҳати пайваст намудани ноҳияи Зафаробод ва шаҳри Истаравшан тавассути деҳаи Уяс барои сохтмони роҳ ва кӯпрук 250 ҳазор сомонӣ ва барои таъмири роҳи автомобилгарди Бӯстон — Комсомол-Фармонқурғон — Плотина 50 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Ногуфта намонад, ки дар баробари ин, баъзе роҳҳои ҳудуди вилоят, бахусус шоҳроҳи мошингарди Панҷакент-Айнӣ тайи солҳои зиёд аст, ки таъмирталаб мебошад. Ба иттилои масъулини роҳҳои мошингарди шаҳри Панҷакент таъмири пурраи роҳҳои ноҳия, бахусус шоҳроҳи мошингард аз постгоҳи Ҷартеппа (сарҳади Ӯзбекистон) то маркази ноҳияи Айнӣ дар соли 2011 дар назар дошта шудааст. Зикр бояд кард, ки солҳои охир бори аввал таъмири роҳҳои автомобилгарди Хуҷанд — Ғафуров, Спитамен — Конибодом бо таҷҳизоти замонавии “Сэкмер” ба анҷом расонида шуд ва ин таҷриба дар вилоят минбаъд низ идома хоҳад ёфт.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






