ТАҲДИДИ ТЕРРОРИСТОН ОМӮХТА МЕШАВАД
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар») — 15 нафар корманди Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз курси омӯзишии дуҳафтаинаи идоракунии амалиёти махсус гузаштанд. Афсарони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон банақшагирии тактикӣ ва иҷрои амалиёти махсусро омӯхтанд, ки он натиҷаи бобарор, амнияти шахс ва нафарони дигареро, ки дар чорабинӣ иштирок доранд, озодии баён ва ҳуқуқи шаҳрвандони осоиштаро кафолат дода, ҳамзамон хавфу хатари аз ҷониби одамон, гурӯҳ ва ё террористон таҳдид менамударо паст менамояд. Курси идоракунии амалиёти махсус аз рӯи ҳисоб шашум маҳсуб ёфта, он баҳри расонидани кӯмак дар мубориза бар зидди терроризм соли 2010 бо дастгирии молиявии Бюрои амнияти минтақавии сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст. Аз соли 2002 зиёда аз 400 шахси баландмартабаю масъули давлатӣ дар барномаҳои омодагӣ иштирок намуданд, ки онро созмони ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ба маблағи 6 миллион доллар маблағгузорӣ намудааст. Барномаҳои тайёрӣ дар ИМА ва Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз намояндагии дипломатии ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






