ТУХМИИ ХУШСИФАТУ ҲОСИЛИ ФАРОВОН ТАВЪАМАНД

Декабрь 10, 2010 15:39

           Хоруғ,  10 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). —   Мутахассисони   шӯъбаи  бозрасии  назорати  давлатии  тухмисанҷии   ВМКБ  ба  хотири  кишту  кори баҳории  соли  оянда  аз имрӯз  замина  мегузоранд. Деҳқонони хоҷагиҳои   вилоят имсол ҳосили  хуби зироати  ғалладона, картошкаю сабзавот   рӯёниданд. Сардори  раёсати кишоварзии  вилоят Назрӣ Назриев   иттилоъ  дод, ки  имсол  аз  ҳар  га майдони  ғаллазор  ба  ҳисоби  миёна  19  сентнер ҳосили  зироати ғалладона, 190  сентнерӣ картошка ва  300 сентнерӣ сабзавоти  хушсифат   љамъоварї гардид. Ҳосили  хуби  зироати  кишоварзӣ  пеш аз ҳама  ба тухмии  аълосифат  марбут аст.              Мудири  шӯъбаи   бозрасии   назорати  давлатии  тухмисанҷии  вилоят  Султонҳайдар Мулкамонов иттилоъ  дод, ки  тибқи  низомномаи кишоварзии   ҷумҳурӣ  зироати  ғалладона, картошкаю  сабзавотро  ҳатман  аз ташхиси  лабораторӣ гузаронидан зарур аст ва танҳо пас  аз таҳлилу  хулосаҳои коршиносони  соҳа  ин  зироатҳо барои  кишт тавсия  мешаванд. Соли  ҷорӣ,  изҳор  дошт Султонҳайдар  Мулкамонов,  дар  се  бунгоҳи илмию  тадқиқотии вилоят,  минтақаҳои таҷрибавии навоҳии  Ишкошим, Рӯшон, Шуғнон 16  намуди  зироати  ғалладона, 7 намуди  картошка ва  навъҳои  гуногуни  тухмии  сабзавот кошта шуда, парвариши  онҳо  аз назари  илмӣ  ба  роҳ  монда шуд. Таҳлилу  санҷиш    исбот намуд, ки  дар  манотиқи  баландкӯҳи  Бадахшон, аз  ҷумла водиҳои Бартанг, Хуф, Ванқалъа,  Вахон навъҳои  тухмии  зироати ғалладонаи ҷойдорӣ,  аз қабили  сафедак, сурхрӯша, бобилло, ҷолдак ҳосили   хуб медиҳанд. Барои  минтақаҳои поёнии  вилоят бошад навъи  тухмии атоӣ  бештар   мувофиқ аст.      

Декабрь 10, 2010 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд